Силсиладузд дар нақлиётро пулиси Душанбе боздошт
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур шаҳрванд Иброҳимов Файзулло, сокини 40-солаи шаҳри Душанберо ҳамчун гумонбар дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои дуздӣ дастгир намуданд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки гарчанде номбурда қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст, ба кирдорҳои ҷиноятии худ идома дода, муддатест дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ ба дуздии телефонҳои мобилӣ ва маблағҳои пулии шаҳрвандон машғул аст.
Аз ҷумла, айни замон беш аз 20 ҳолати дуздии содирнамудаи гумонбаршуда ошкор гардида, мавриди санҷиши пешакӣ қарор доранд. Шаҳрвандоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии Иброҳимов Ф. ҷабр дидаанд, метавонанд тавассути «Ватсап» ва «Телеграм» бо рақами (+992) 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21740
155
