Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе аз дохили яке аз микроавтобусҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд нашр шуда, баҳси зиёдеро ба миён овардааст
Сокинон аз тангии ҷойҳои нишаст, нороҳатии мусофирон ва насби курсиҳои иловагӣ шикоят мекунанд. Ба гуфтаи корбарон, дар баъзе микроавтобусҳо фосилаи байни курсиҳо он қадар кам аст, ки мусофирон ҳатто пойҳои худро озод гузошта наметавонанд.
Бархе сокинон аз мақомоти масъул талаб доранд, ки риояи меъёрҳои техникӣ ва бехатарии нақлиёти ҷамъиятиро назорат кунанд. Ҳамчунин дар шарҳҳо гуфта мешавад, ки чунин мушкил дар шаҳри Душанбе низ мушоҳида мегардад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21749
400