TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21776 6
Рӯзи 13-уми октябр зилзила шаҳри Душанбе ва баъзе аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро такон дод

Маркази зилзиланигории Аврупо мегӯяд, ҳодиса соати 14:41 ба вақти Тоҷикистон рух дода, шиддати он ба 4,5 дараҷаи Рихтер баробар буд. Маркази заминларза тақрибан 34-километрии шарқи Душанбе будааст. Баъзе аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз заминларзаи, ба гуфтаи онҳо, "сахт" дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ гузориш доданд.

Аз Пажуҳишгоҳи геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, зилзила соати 14:41:11 бо вақти маҳаллӣ дар кафиши Андигони шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шуда, таконҳои он дар маркази шаҳри Душанбе ва якчанд маҳалҳои атрофи он эҳсос гардиданд.

Маркази зилзила дар масофаи тақрибан 8-10 километр, шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе, дар доманаи ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва 14 километр аз шаҳри Ваҳдат ҷойгир буд. Шиддатнокии ларзиши замин дар минтақаи марказии заминҷунбӣ 6 балл ва дар қисми шарқии шаҳри Душанбе 5-5,5 баллро ташкил дод.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳар сол дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад. Аз ҷумла, бар асари зилзилаи рӯзи 13-уми апрели имсол дар ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод 94 хона пурра ва 50 хона қисман вайрон шуда, ба 61 манзил осеби сабук расид.

Инчунин, се мактаб ва тақрибан дусад иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла чойхонаву бунгоҳи тиббӣ зарар дидаанд. Як сокини хурдсоли ноҳияи Рашт дар ин ҳодиса ҷон бохт.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 14, 2026Афсарони фардо ё гузориш аз таълими низомӣ дар муассисаҳои омӯзиши олии Тоҷикистон Ин муҳа…
  2. Oct 14, 2026Имрӯз дар Душанбе Ҳамоиши соҳибкории “Тоҷикистон, ба пеш!” оғоз меёбад 14–15 октябр дар ша…
  3. Oct 14, 2026Пизишкиён: ҳадафи асосии ман хидмат ба мардуми Эрон аст Масъуд Пизишкиён дар суханрониҳои…
  4. Oct 13, 2026🇷🇺Дар Русия барои муҳоҷирон супоридани имтиҳони ҳатмии донистани забони русӣ, таърих ва…
  5. Oct 13, 2026Имрӯз охирин рӯзи ҳозир шудани довталабон ба муассисаи таълимӣ аст Маркази миллии тестии н…
  6. Oct 13, 2026Дар Шаҳринав маркази омӯзишии ғаввосони наҷотдиҳанда мавриди истифода қарор дода шуд Прези…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →