Имрӯз охирин рӯзи ҳозир шудани довталабон ба муассисаи таълимӣ аст
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабони давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавии соли 2026-ро эълон кард.
Довталабоне, ки аз рӯйи натиҷаҳо ба донишгоҳ ё коллеҷ роҳ ёфтаанд, бояд то 13 октябр ба муассисаи таълимии дахлдор ҳозир шуда, ҳуҷҷатҳои заруриро ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд.
Дар сурати бо сабаби узрнок ҳозир шуда натавонистан, довталаб бояд дар муҳлати муқарраршуда тавассути намояндаи худ муассисаро огоҳ карда, ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунад. Маркази миллии тестӣ ҳушдор медиҳад, ки довталабони дар муҳлати муайяншуда ҳозирнашуда ва ҳуҷҷат пешниҳоднакарда аз ҳуқуқи қабул ба муассисаи таълимӣ маҳрум мешаванд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21775
6