TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21807 407
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар синамохонаи “Ватан”-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад
 
16 октябр, соати 17:00 дар синамохонаи «Ватан»-и шаҳри Душанбе нахустнамоиши филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон – «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мегардад. Нахустнамоиши филм дар доираи Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» ва бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик доир карда мешавад.
 
Ёдовар мешавем, ки филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинематографияи Ҷумҳурии Узбекистон ба навор гирифта  шуд. Филми ҳунарӣ солҳои 2024 – 2025 рӯйи навор омадааст.
 
Ба таҳияи филм гурӯҳи синамогарони ҳарду мамлакат ҷалб гардид. Онҳо дар якчанд вохӯрӣ дар Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуда, нақшаи сабти филмро баррасӣ намуданд.
 
Ин асар саҳифаҳои дурахшони таърихи муштараки мардумони тоҷику узбекро инъикос менамояд. Инчунин нақши ин ду нобиғаи Шарқро дар рушди адабиёт, фарҳанг ва таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ бо забони синамо ба риштаи тасвир мекашад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 15, 2026Дар Хатлон 1150 ақди никоҳ бекор шуд Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 1…
  2. Oct 15, 2026Синамо, меҳргон ва пайванди фарҳангҳо: меҳмонони ВГИК дар Душанбе Имрӯз ҳайати устодону до…
  3. Oct 15, 2026"Регар-ТадАЗ" ба Кувайт сафар кард Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Тоҷикистон баҳри иштирок дар рақ…
  4. Oct 15, 2026Туркия: Дар Станбул бар асари боронҳои шадид дарсҳо лағв, ҳаракати нақлиёт маҳдуд, барои з…
  5. Oct 15, 2026Хадамоти таксии "Шаҳри ман" дар Исфара: "бидуни муштарӣ мо ҳеҷ ҳастем" Ҷузъиёти мавзӯъро д…
  6. Oct 15, 2026Фара аз "Бригада" меҳмони синамоҷоизаи "Тоҷи Сомон" шуд Ҳунарпешаи маъруфи Русия Фарҳод Ма…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →