TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21976 6
Туркия: Дар Станбул бар асари боронҳои шадид дарсҳо лағв, ҳаракати нақлиёт маҳдуд, барои занҳои ҳомила, кӯдакони хурддошта ва маъюбон рӯзи ғайрикорӣ эълон гардид

Мақомоти шаҳри Станбули Туркия ба далели боронҳои шадид ва хатари обхезӣ барои 14 октябр дар мактабҳои шаҳр дарсҳоро лағв карданд. Дар ин бора губернатории Станбул хабар додааст. Ҳамчунин, 15 октябр барои занони ҳомила, шахсони дорои маъюбият, ки дар муассисаҳои давлатӣ кор мекунанд, инчунин кормандзаноне, ки кӯдакони то ҳаштсола доранд, рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Тибқи қарори мақомот, аз соати 21:00-и 14 октябр ба вақти маҳаллӣ ҳаракати мотосиклҳо ва дигар воситаҳои нақлиёти дучарха дар шаҳр манъ карда мешавад. Барои рӯзи панҷшанбе дар Станбул сатҳи зардии хатари обу ҳаво эълон гардидааст. Тибқи пешгӯии ҳавошиносон, боронҳои шадид то охири рӯзи 15 октябр идома ёфта, эҳтимоли обхезии такрорӣ, селфароӣ ва халалдор шудани фаъолияти нақлиёт ва инфрасохтор вуҷуд дорад.

Боришоти шадид дар Станбул аз шоми 13 октябр оғоз шуда, боиси зери об мондани як қатор минтақаҳои шаҳр ва мушкилот дар ҳаракати нақлиёт ва фаъолияти фурудгоҳҳо гардидааст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 15, 2026Дар Хатлон 1150 ақди никоҳ бекор шуд Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 1…
  2. Oct 15, 2026Синамо, меҳргон ва пайванди фарҳангҳо: меҳмонони ВГИК дар Душанбе Имрӯз ҳайати устодону до…
  3. Oct 15, 2026"Регар-ТадАЗ" ба Кувайт сафар кард Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Тоҷикистон баҳри иштирок дар рақ…
  4. Oct 15, 2026Хадамоти таксии "Шаҳри ман" дар Исфара: "бидуни муштарӣ мо ҳеҷ ҳастем" Ҷузъиёти мавзӯъро д…
  5. Oct 15, 2026Фара аз "Бригада" меҳмони синамоҷоизаи "Тоҷи Сомон" шуд Ҳунарпешаи маъруфи Русия Фарҳод Ма…
  6. Oct 15, 2026Чаро нархи гӯшт дар бозорҳои Суғд баланд шуд: чорво кам ё хӯрокаш? Нархи гӯшт, дар бозору…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →