TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21971 7
Чаро нархи гӯшт дар бозорҳои Суғд баланд шуд: чорво кам ё хӯрокаш?
 
Нархи гӯшт, дар бозору қассобхонаҳои Суғд, тайи чанд рӯзи охир боло рафтааст. Бино ба нархномае, ки аксари дуконҳои гӯштфурӯшӣ тартиб додаанд, як кило гӯшти лаҳм 130 – 135 сомонӣ ва гӯшти устухондор ба 100 - 110 сомонӣ баробар шудааст.
 
Аксари қассобҳо, боландшавии нархро инкор намекунанд. Онҳо сабаби болоравии нархи гӯштро ба чанд омил шарҳ медиҳанд. Бино ба мушоҳидаҳо, давоми як ду моҳи охир, нархи чорво ҳам то 10 дарсад баланд шудааст.
 
Барои мисол, агар вазни зиндаи чорво чанд вақт пеш 56 – 58 сомонӣ ҳисоб мешуд, ҳоло ба 60 – 65 сомонӣ баробар шудааст. Дар ҳамин ҳол, онҳое, ки ба парвариши чорво машғуланд, сабаби ин вазъро ба гароншавии арзиши хӯроки чорво нисбат медиҳанд. Ба гуфти сокинон ҳоло қимати як кило кунҷора – ғизои аслӣ барои фарбеҳ кардани чорво ба 4 – 5 сомонӣ дакка задааст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 15, 2026Дар Хатлон 1150 ақди никоҳ бекор шуд Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 1…
  2. Oct 15, 2026Синамо, меҳргон ва пайванди фарҳангҳо: меҳмонони ВГИК дар Душанбе Имрӯз ҳайати устодону до…
  3. Oct 15, 2026"Регар-ТадАЗ" ба Кувайт сафар кард Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Тоҷикистон баҳри иштирок дар рақ…
  4. Oct 15, 2026Туркия: Дар Станбул бар асари боронҳои шадид дарсҳо лағв, ҳаракати нақлиёт маҳдуд, барои з…
  5. Oct 15, 2026Хадамоти таксии "Шаҳри ман" дар Исфара: "бидуни муштарӣ мо ҳеҷ ҳастем" Ҷузъиёти мавзӯъро д…
  6. Oct 15, 2026Фара аз "Бригада" меҳмони синамоҷоизаи "Тоҷи Сомон" шуд Ҳунарпешаи маъруфи Русия Фарҳод Ма…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →