TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21978 7
Синамо, меҳргон ва пайванди фарҳангҳо: меҳмонони ВГИК дар Душанбе

Имрӯз ҳайати устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии умумируссиягии кинематография (ВГИК), ки барои иштирок дар сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон» ба Тоҷикистон омадаанд, дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода истиқбол гирифта шуданд.

Ташрифи меҳмонон ба таҷлили ҷашни бостонии Меҳргон рост омад. Устодону донишҷӯёни донишкада бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ меҳмонони русиягиро бо суннату анъанаҳо ва расму оинҳои мардуми тоҷик шинос карданд. Ҳайати ВГИК ҳамчунин бо гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин муассисаи бонуфузи синамоии Русия таҳсил мекунанд, ба Тоҷикистон омадааст.

Дар доираи сеюмин Синамоҷашнвораи миллии «Тоҷи Сомон», ки рӯзҳои 15–20 октябр баргузор мегардад, устодони ВГИК баргузории як қатор дарсҳои маҳоратро (мастер-классҳо) дар соҳаи синамо ба нақша гирифтаанд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 15, 2026Дар Хатлон 1150 ақди никоҳ бекор шуд Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 1…
  2. Oct 15, 2026"Регар-ТадАЗ" ба Кувайт сафар кард Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Тоҷикистон баҳри иштирок дар рақ…
  3. Oct 15, 2026Туркия: Дар Станбул бар асари боронҳои шадид дарсҳо лағв, ҳаракати нақлиёт маҳдуд, барои з…
  4. Oct 15, 2026Хадамоти таксии "Шаҳри ман" дар Исфара: "бидуни муштарӣ мо ҳеҷ ҳастем" Ҷузъиёти мавзӯъро д…
  5. Oct 15, 2026Фара аз "Бригада" меҳмони синамоҷоизаи "Тоҷи Сомон" шуд Ҳунарпешаи маъруфи Русия Фарҳод Ма…
  6. Oct 15, 2026Чаро нархи гӯшт дар бозорҳои Суғд баланд шуд: чорво кам ё хӯрокаш? Нархи гӯшт, дар бозору…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →