TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21982 10
Дар Хатлон 1150 ақди никоҳ бекор шуд

Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 150 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ сабт шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст. Тавре аз шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар ҳамин давраи соли 2025 дар вилоят 1 ҳазору 419 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд. Ба ин тартиб, имсол шумораи талоқҳо 269 ҳолат кам шудааст.

Ҳамзамон, дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёда аз 16 ҳазор ақди никоҳ баста шудааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 749 ҳолат будааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, аз ҳама бештар ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Бохтар сабт шудаанд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 16, 2026Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид Дар Ҷумҳурии…
  2. Oct 16, 2026Суханронии вакили Шӯрои олии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар иҷлосия дар моҳи сентябри сол…
  3. Oct 16, 2026Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти зистмуҳитии Осиёи Марказӣ таъсир расо…
  4. Oct 16, 2026Табиати зебову нотакрори Резервати биосферии “Ромит” 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Тик То…
  5. Oct 15, 2026Синамо, меҳргон ва пайванди фарҳангҳо: меҳмонони ВГИК дар Душанбе Имрӯз ҳайати устодону до…
  6. Oct 15, 2026"Регар-ТадАЗ" ба Кувайт сафар кард Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Тоҷикистон баҳри иштирок дар рақ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →