TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21986 430
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расида, 28 фоизи субъектҳои хоҷагидорро ташкил медиҳад. Ин матлабро имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат баён намуданд. Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар нуҳ моҳи соли равон ба занони соҳибкор 7,2 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 29 фоиз зиёд мебошад.

«Маблағгузорӣ барои дастгирии соҳибкории занон бояд, пеш аз ҳама, ба лоиҳаҳое равона карда шавад, ки фаъолияти устувор, ҷойи кор ва даромади воқеӣ ба вуҷуд меоранд. Занону ҷавонони соҳибкор дар баробари маблағ ба дониш, машварат, технология ва дастрасӣ ба бозор ниёз доранд», -иброз намуданд Президенти мамлакат.

Таъкид гардид, ки муассисаҳои дастгирии соҳибкорӣ, донишгоҳҳо ва марказҳои касбомӯзӣ бояд омӯзиши таҳияи нақшаи тиҷоратӣ, баҳисобгирии молиявӣ, савдои электронӣ ва идоракунии истеҳсолотро васеъ намуда, ин равандро бо таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо пайваст намоянд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 16, 2026Э. Раҳмон: "Мо яроқи ҳастаӣ надорем, силоҳи ҳастаии мо Ваҳдати мост!" Раиси ҷумҳури Тоҷики…
  2. Oct 16, 2026Меҳмонони ҳамоиши байналмилалӣ ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱…
  3. Oct 16, 2026Татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баррасӣ шуд…
  4. Oct 16, 2026Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо с…
  5. Oct 16, 2026Мавзӯи татбиқи лоиҳаҳои коҳиши талафоти нерӯи барқ дар мулоқоти Далер Ҷумъа бо намояндаи Б…
  6. Oct 16, 2026Рустами Эмомалӣ Академияи футболи ВМКБ дар Дарвозро ба истифода дод Академияи футболи ВМКБ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →