Рустами Эмомалӣ Академияи футболи ВМКБ дар Дарвозро ба истифода дод
Академияи футболи ВМКБ дар ноҳияи Дарвоз 14-уми октябр, мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он Рустами Эмомалӣ, раиси Федератсияи футбол ширкат кардааст. Ба иттилои расмӣ, ин академия дорои ду майдони футбол бо сабзаи маснуӣ буда, яке болопӯшида ва дигаре болояш боз аст, ки “барои баргузории тамринҳо ва машғулиятҳо дар шароити гуногуни обу ҳаво имкон фароҳам меорад”.
“Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин бинои маъмурӣ бунёд гардидааст, ки дар он маҷмааи истиқоматӣ барои будубоши тарбиятгирандагон, ошхона ва толори варзишӣ пешбинӣ шудаанд”, - гуфтааст ФФТ. Рустами Эмомалӣ бо инфрасохтори ин маҷмааи нави варзишӣ ва шароите, ки барои омодасозии футболбозони ҷавон фароҳам оварда шудааст, шинос шудааст.
Ӯ моҳи феврали соли гузашта дастур дода буд, ки дар яке аз шаҳр ё ноҳияҳои ВМКБ академияи футбол барои омода кардани бозигарони ҷавон бунёд карда шавад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22042
7