Баъди занозанӣ дар футбол: 17 нафар ҳабс ва ду даста ҷарима шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон пас аз бетартибиҳои оммавӣ дар бозии дастаҳои «Панҷшер» ва «Саройкамар», ки 13 октябр дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 анҷом ёфт, нисбат ба ҳар ду даста ҷазоҳои интизомӣ татбиқ кард.
Варзишгоҳҳои хонагии ҳар ду даста то охири соли 2026 аз баргузории бозиҳо маҳрум шуда, ҳар кадом 3000 сомонӣ ҷарима гардиданд. Футболбози «Панҷшер» Қурбонбой Шералиев барои амалҳои таҳрикдиҳанда ба муҳлати як сол аз иштирок дар бозиҳо маҳрум ва 1000 сомонӣ ҷарима шуд.
Роҳбарони ҳар ду даста низ то охири сол аз фаъолият дур карда шуданд. Дар маҷмӯъ, маблағи ҷаримаҳо 7750 сомониро ташкил дод. Ҳамчунин, кормандони милитсия 17 иштирокчии бетартибиҳоро муайян карданд, ки бо қарори суд ҳар кадом ба муҳлати 5 шабонарӯз ҳабс шуданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22072
5