Мақомоти Кумитаи сармоягузорӣ бо роҳбарияти ширкати ARSKOM мулоқот кард
🇹🇯 16 октябри соли 2026 вохӯрии роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти гурӯҳи ширкатҳои ARSKOM-и Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар самтҳои энергетикаи сабз ва технологияҳои алоқаи моҳвораиро баррасӣ намуданд.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими робитаҳо ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳор доштанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22070
4

