TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #22067 5
Тими футзали Тоҷикистон ду бозии дӯстона мекунад

🇹🇯 Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал, тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Рақиби дастаи мо миллипӯшони Русия хоҳанд буд. Бозиҳо рӯзҳои 18 ва 20 октябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Оғози ҳар ду вохӯрӣ соати 19:00 дар назар дошта шудааст.

Қаблан дар сатҳи мунтахабҳои миллӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Русия ду маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Ҳар ду бозӣ соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор шудаанд. Дар рақобати аввал мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуда, дар дидори дуюм бошад, мунтахаби Русия бо ҳисоби 6:2 ғолиб омадааст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 16, 2026Баъди занозанӣ дар футбол: 17 нафар ҳабс ва ду даста ҷарима шуданд Федератсияи футболи Тоҷ…
  2. Oct 16, 2026Мақомоти Кумитаи сармоягузорӣ бо роҳбарияти ширкати ARSKOM мулоқот кард 🇹🇯 16 октябри со…
  3. Oct 16, 2026Президенти Тоҷикистон баъд аз анҷоми сафари корӣ ба Арманистон аз Ереван ба ватан баргашта…
  4. Oct 16, 2026Табрикоти мудири кулли киностудияи "Мосфилм", коргардони синамо Карен Георгиевич Шахназаро…
  5. Oct 16, 2026Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биолог…
  6. Oct 16, 2026Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ дар мулоқот бо с…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →