Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ дар бораи пиряхҳои кишвар гуфтанд
Дар суханронии худ Пешвои миллат таъкид доштанд, ки "бБарои мо ҳифзи гуногунии биологӣ бо ҳифзи захираҳои об, бахусус пиряхҳо ва экосистемаҳои кӯҳӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Дар ин замина, зарурати ҳамоҳангии талошҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, иқлим ва гуногунии биологӣ аҳаммияти беш аз пеш касб менамояд.
Маҳз ба ҳамин хотир, дар тӯли беш аз 25 соли охир Тоҷикистон бо ташаббусҳои глобалии худ дар пешбурди масъалаҳои об ва иқлим, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Созмони Милал дастгирӣ ёфтаанд, саҳм гузоштааст. Ин ташаббусҳо барои расидан ба ҳадафҳои ҷаҳонии марбут ба об, аз ҷумла дар доираи Рӯзномаи-2030 оид ба рушди устувор, мусоидат кардаанд.
Ҳамоишҳои байналмилалии сатҳи баланд дар доираи “Раванди оби Душанбе” ба платформаи муҳимми муколамаи сиёсӣ, рушди шарикӣ, таҳия ва татбиқи иқдомҳои муштарак ва омодагӣ ба конфронсҳои Созмони Милали Муттаҳид оид ба об табдил ёфтаанд. Дар соли 2028 дар Душанбе Конфронси оби Созмони Милал доир мегардад.
Дар ин Ҳамоишс арзёбии ниҳоии фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” анҷом ёфта, марҳалаи нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об муайян хоҳад шуд. Яке аз мавзӯъҳои муколамаҳои интерактивии ин ҳамоиш баррасии масъалаҳои муҳитизистӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ хоҳад буд".
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22066
6
