Татбиқи Барномаи давлатии кабудизоркунии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баррасӣ шуд
Таҳти раёсати муовини нахуствазири Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон Ризоӣ оид ба рафти амалишавии ҳуҷҷатҳои банақшагирии Стратегӣ, ки тибқи ҷадвали ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои дигар ҷаласаи кории назоратӣ баргузор гардид.
Дар баробари масъалаҳои дигари муҳим, ба масъалаи татбиқи барномаҳои давлатии кабудизоркунӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Кабудизоркунӣ яке аз самтҳои муҳими ҳифзи муҳити зист буда, дар беҳтар гардидани вазъи экологӣ, коҳиш додани таъсири омилҳои номусоиди иқлимӣ, ҳифзи захираҳои табиӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди зиндагӣ нақши муҳим дорад.
Таъмини иҷрои босифати чорабиниҳои кабудизоркунӣ, шинонидани дарахту буттаҳои ба шароити иқлими маҳал мутобиқ, нигоҳубини ниҳолҳо ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими фаъолияти сохторҳои дахлдор мебошад, ки дар ҷаласаи корӣ мавриди таваҷҷуҳи иштирокдорон қарор дода шуд. Ҳамчунин, ҷалби мақомоти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ва аҳли ҷомеа ба корҳои ободонию сабзкорӣ метавонад дар ташаккули фарҳанги экологӣ, ҳифзи табиат ва беҳтар гардидани симои шаҳру деҳот саҳми назаррас гузорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22047
5

