Нархи гази моеъ дар вилояти Суғд аз 7 сомонӣ гузашт
Арзиши гази моеъ, яке аз серистифодатарин маводи сӯхт дар вилояти Суғд дубора боло рафт.
Сӯбҳи имрӯз, хабарнигори “Суғдиён-Медиа” аз чанд нуқтаи таъмини сӯзишворӣ (АЗС) дар Хуҷанд ва навоҳии атрофи он дидан кард. Маълум гардид, ки дар аксар тоблӯи ширкатҳо, тағйирот ворид шуда, фурӯши гази моеъ 7, 1 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ду-се рӯзи пеш, ин навъ маводи сӯхтро бо нархи 6, 8 сомонӣ харидан имконпазир буд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22061
3