TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21984 330
Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти зистмуҳитии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
 
Ҳавзаи дарёи Зарафшон яке аз минтақаҳои асосии пиряхҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳо дар ин ҳавза метавонад боиси кам шудани захираи оби ошомиданӣ гардида, барои аҳолӣ, кишоварзӣ ва экосистемаҳои қаламравҳои ҳамшафати Узбекистону Тоҷикистон хатари эҳтимолӣ эҷод намояд.
 
Таҳқиқоте, ки аз ҷониби пиряхшиносони Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва дигар кишварҳо гузаронида шуд, ба омӯзиши вазъи пиряхҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон ва умуман Осиёи Марказӣ бахшида шудаанд. Сабабҳои асосии ҳолати таназзули доимии онҳоро ба бад шудани шароити ғизогирӣ ва тағйирёбии омилҳои иқлимӣ, пеш аз ҳама, баланд шудани ҳарорати ҳаво ва тағйирёбии миқдори бориш нисбат медиҳанд.
 
Тибқи таҳқиқоти гузаронида, соли 2025 шумораи кӯлҳои пиряхии ҳавзаи таҳқиқотӣ ба 130 адад мерасад, ки дар баландиҳои 2300-3600 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд. Аз ҷумла, 96 ададашон дар минтақаи забонаи пиряхи Зарафшон ва 34-тои дигараш дар атрофи пиряхҳои Толстов ва Скачков ҷойгиранд.
 
Дар айни замон дар ҳавзаи дарёи Зарафшон аксари пиряхҳо нисбат ба Помир ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон зудтар коҳиш меёбанд. Бо назардошти ин мулоҳизаҳо метавон хулоса кард, ки барои ҳифзи пиряхҳо таҳия намудани барномаҳои илмии миллӣ ва минтақавии муштараку умедбахш ҷиҳати омӯзиши муфассали ҳолати онҳо дар ҳавзаҳои асосии дарёҳои мамлакат, аз ҷумла ҳавзаи дарёи Зарафшон метавонад дар рушди кишоварзӣ, гидроэнергетика ва дигар бахшҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳамсоя нақши ҳалкунанда бозида, таъсири мусбат  расонад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 16, 2026Дар Душанбе масъалаи сармоягузорӣ ба ҳифзи иҷтимоии кӯдакон баррасӣ гардид 16 октябр дар м…
  2. Oct 16, 2026🇾🇪🇸🇦Хусиҳо ба кохи раиси ҷумҳур дар Яман зарбаи мушакӣ заданд, — Reuters бо истинод ба…
  3. Oct 16, 2026Нахуст аз хона дуздӣ карда, сипас ин манзилро оташ заданд Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои…
  4. Oct 16, 2026Деваштич: Ду нафар бо гумони ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ гумонбар мешаванд Кормандо…
  5. Oct 16, 2026Ширкати Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши 17-уми ҷонибҳои Ко…
  6. Oct 16, 2026Гузориш аз рафти шиносоӣ ва вохӯрии собиқадарони хизмати ҳарбӣ бо ҳайати афсарону омӯзгоро…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →