Деваштич: Ду нафар бо гумони ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ гумонбар мешаванд
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Деваштич ҳолати ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодии шаҳрвандро ошкор кардаанд.
Тибқи иттилои мақомоти корҳои дохилӣ, 9 октябри соли 2026, тахминан соати 22:00, шаҳрвандон Тоҷиев Азизбек, соли таваллудаш 1994 ва Шодиев Элёр, соли таваллудаш 1995, сокинони деҳаи Лолазори ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, шаҳрванд Амонов Достон, соли таваллудаш 1990-ро лату кӯб карда, бо истифода аз зӯроварӣ ба утоқи кории раиси Шӯрои маҳаллаи Лолазор овардаанд.
Гуфта мешавад, ки онҳо дасту пойҳои Амоновро бо ресмон баста, ӯро аз соати 23:30-и 9 октябр то соати 09:00-и 10 октябри соли 2026 ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Тоҷиев ва Шодиев бо қисми 2-и моддаи 131 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22006
415