TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #22009 407
Дар Душанбе масъалаи сармоягузорӣ ба ҳифзи иҷтимоии кӯдакон баррасӣ гардид

16 октябр дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси»-и шаҳри Душанбе мизи мудаввари стратегӣ дар мавзӯи «Сармоягузорӣ ва таҳкими низоми ҳамгирои ҳифзи иҷтимоии кӯдакон дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.

Мизи мудаввар бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои рушди низоми ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, пешгирии зӯроварӣ нисбати онҳо ва тақвияти сармоягузорӣ ба сармояи инсонӣ бахшида шуд.

Зимни чорабинӣ аҳаммияти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон, дастгирии оилаҳои осебпазир ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва шарикони рушд, баланд бардоштани самаранокии маблағгузорӣ ва пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Дар кори мизи мудаввар намояндагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуда, имкониятҳои сармоягузории ҳамоҳангшуда ва роҳҳои таҳкими низоми ҳамгирои ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ карданд. Чорабинӣ ҳамчунин дар доираи омодагии Тоҷикистон ба Конфронси дуюми ҷаҳонии вазирон оид ба хотима додан ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон, ки рӯзҳои 18–19 ноябри соли 2026 дар шаҳри Манилаи Филиппин баргузор мегардад, аҳаммияти муҳим дошт.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 17, 2026Лигаи олии Тоҷикистон: «Барқчӣ» КМВА-ро мағлуб кард ва «Ваҳш» бар «Парвоз» зафар ёфт Дирӯз…
  2. Oct 17, 2026🇫🇷Дар Болоня миёни полис ва донишҷӯёни эътирозгар задухӯрд рух дод Бино ба иттилои оҷонс…
  3. Oct 17, 2026Камголии Лигаи олӣ: заифии ҳуҷум ё қудрати ҳимоя? Солҳои охир нишондоди беҳтарин голзанҳо…
  4. Oct 17, 2026Фоидаи корхонаҳои Тоҷикистон аз 13,2 млрд сомонӣ гузашт Дар нимсолаи якуми соли 2026 натиҷ…
  5. Oct 17, 202616 паҳлавони Тоҷикистон дар мусобиқаи Abu Dhabi Grand Slam 2026 иштирок мекунанд Аз 29 то…
  6. Oct 17, 2026Талабот ба қувваи корӣ коҳиш ёфт, шумораи корталабон афзуд Дар охири моҳи июли соли 2026 ш…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →