Лигаи олии Тоҷикистон: «Барқчӣ» КМВА-ро мағлуб кард ва «Ваҳш» бар «Парвоз» зафар ёфт
Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии мавқуфгузошташудаи даври 15-уми Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои «Барқчӣ» ва КМВА баргузор гардид. Дар ин вохӯрии пуршиддат футболбозони «Барқчӣ» бо ҳисоби 1:0 бар ҳарифи худ пирӯзӣ ба даст оварданд.
Ҳамчунин, имрӯз дар доираи даври 19-уми алоҳидаи мусобиқа дастаи «Ваҳш»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ клуби «Парвоз»-и вилояти Суғдро қабул карда, бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Беҳтарин бозигари ин дидор Сергей Яворский («Ваҳш») эътироф гардид.
Бозии навбатии ин давр 20-уми октябр, соати 17:30 дар шаҳри Истаравшан миёни дастаи маҳаллии «Истаравшан» ва «Равшан»-и Кӯлоб баргузор мегардад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22151
3



