Нахуст аз хона дуздӣ карда, сипас ин манзилро оташ заданд
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Сатторов Отабек Раҳмоналиевич соли таваллудаш 1993, сокини шаҳри Бохтар, қаблан бо моддаҳои 247 ва 364 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст ва Камолҷонов Хуршед Зоирҷонович соли таваллудаш 2002, сокини ноҳияи Ашт, ӯ низ қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст, бо маслиҳати пешакӣ санаи 17 сентябри соли 2026, соати 00:15 дақиқа, бо мақсади дуздӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Азиматова Наргиза воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 34, ғайриқонунӣ ворид шуда, аз ҳуҷраи хоби соҳибхона 13 000 сомонӣ маблағи пулиро тасарруф намудаанд.
Гумонбарон бо мақсади пинҳон намудани изи ҷинояти содиркардаашон манзили истиқоматии ҷабрдидаро қасдан оташ задаанд.
Оид ба ин ҳолат нисбати Сатторов О. ва Камолҷонов Х. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 244 қисми 3 ва 255 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #22007
416