TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21809 375
Толибон: Итминон медиҳем, ки аз тарафи Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ҳеч осебе нахоҳад расид

Мақомоти гурӯҳи террористии Толибон ба расонаҳои афғонистонӣ гуфтаанд, ки дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҳдиди ҷиддии амниятӣ вуҷуд надорад ва марз дар зери назорати мақомоти ду кишвар аст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон дар суҳбат ба расонаҳо гуфт, вазъият дар марзи ду кишвар таҳти назорат аст. Ба гуфтаи ӯ, неруҳои ду кишвар дар робита ба масъалаҳои марзӣ бо ҳам дар ҳамоҳангӣ кор мекунанд.

Ин изҳори назари Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар ҳоле садо медиҳад, ки чанд рӯз қабл мақомоти Тоҷикистон дар бораи кушта шудани ду шаҳрванди Афғонистон дар як даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон хабар дода буданд.

“Кадом бархӯрди низомӣ ва мушкили амниятии ҷиддӣ вуҷуд надорад ва неруҳои Иморати Исломӣ дар ҳамоҳангӣ бо тарафи Тоҷикистон дар мавзуъҳои сарҳадӣ мутаваҷҷеҳи ҳама мушкилот ҳастанд ва мо итминон медиҳем, ки аз хоки Афғонистон ба он тараф ҳеч осебе нахоҳад расид”- таъкид кард Забеҳуллоҳ Муҷоҳид.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 14, 2026Тоҷикистон пешоҳанги барномаи ҷаҳонии иқлимӣ аст Ҷузъиётро дар маводи видеоии таҳиякардаи…
  2. Oct 14, 2026Навор аз машқҳои муштараки наҷотдиҳандагони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Датиҷамъӣ да…
  3. Oct 14, 2026Мудири Агентии содироти Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ фаъолияти “Мактаби содирот”-ро б…
  4. Oct 14, 2026🇮🇳Дар Ҳинд ба далели суқути қаиқ дар рӯди Ганг дастикам 13 кӯдак кушта шуданд. Дар ин бо…
  5. Oct 14, 2026Марги марди 70-сола аз дасти зани сеюми 49-солааш Дар шаҳри Истаравшан як зани 49-соларо б…
  6. Oct 14, 2026“Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва "Expertise France" бо эъломияи муштарак ҳамкорӣ мекунанд Мулоқо…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →