Марги марди 70-сола аз дасти зани сеюми 49-солааш
Дар шаҳри Истаравшан як зани 49-соларо бо гумони қатли шавҳари 70-солааш боздошт кардаанд. Ин ҳодиса рӯзи 10-уми октябр рух дода, ҳоло зан боздошт шудааст.
Як масъул аз ҳукумати шаҳри Истаравшан бо шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки ҳодиса дар маҳаллаи Садриддин Айнии шаҳр рух дода, зане, ки гумонбари қатли шавҳар аст, оилаи сеюми ӯ мебошад.
“Дар пайи ҷанҷоли оилавӣ, зани 49 – сола бо корд чанд маротиба ба узвҳои муҳими шавҳари 70 – солааш задаааст, ки дар натиҷа, мард ба ҳалокат расидааст. Мард сокини Истаравшан ва ҳамсараш сокини ноҳияи Зафаробод мебошад. Рӯзи ҳодиса, 10-уми октябр зан аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуда, ҳоло дар боздошт қарор дорад. Онҳо соҳиби ду кӯдак, яке 10 ва дигаре 7 сола мебошанд ва ҳоло кӯдакон дар мактаб-интернати шаҳр ҷойгир карда шуданд”- афзуд манбаъ.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21853
5