"Хутали қадим" дар "Тоҷи Сомон"
Филми мустанади «Хутали қадим», ки ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим» бахшида шудааст, аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия гардидааст.
Муаллифи филмнома: Тоҳир Асрориён
Коргардон-таҳиягар: Рустам Сатторзода
Филм дар чанд қисмат таҳия шуда, давомнокии ҳар қисмат тақрибан 50 дақиқаро ташкил медиҳад. Дар филм таърихи бостонии Хутал, ёдгориҳои таърихӣ, санъату ҳунар ва суннатҳои мардуми ин минтақа, инчунин андешаҳои олимону таърихшиносони ватаниву хориҷӣ оид ба арзишҳои таърихию фарҳангии он инъикос ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» аз 15 то 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21876
431