Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид. Ҳадафи баргузории чунин ҳамоиш фароҳам овардани фазои мусоид барои табодули афкор, баррасии масъалаҳои муҳими рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва густариши ҳамкории иқтисодӣ мебошад.
Интизор меравад, ки дар доираи муколама иштирокдорон доир ба имкониятҳои нави ҳамкорӣ, рушди ташаббусҳои соҳибкорӣ ва тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуда, роҳҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки соҳибкорию сармоягузориро баррасӣ намоянд.
Баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, тақвияти робитаҳои соҳибкорон ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, Ҳамоиши соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» идома дорад.
Ҳамоиши соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» майдони васеи муколама, ҳамкорӣ ва муаррифии имконоти нави соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошад. Барномаи форум самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва соҳибкории муосирро фаро гирифта, аз форуми давлат ва бахши хусусӣ, форуми сармояи венчурӣ, G10 Insight Forum 2026, чорабиниҳои параллелӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкории ватанӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ иборат мебошад. Ҳамоиш инчунин барои муколамаи мустақим, табодули таҷриба, муаррифии лоиҳаҳо, барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва шарикии дарозмуддат фазои мусоид фароҳам меорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21955
6
