Дар Тоҷикистон бори нахуст амали нодири ҷарроҳии саратонӣ бо истифода аз фанноварии ICG анҷом дода шуд
Бори аввал дар Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии сартоншиносӣ” амалиёти ҷарроҳии экстирпатсияи бачадон бо зоидҳо бо усули лапароскопӣ ва бо истифода аз маҳлули контрастии индоцианини сабз (Indocyanine Green-ICG) анҷом дода шуд. Ин технология имкон медиҳад, ки сохторҳои лимфавӣ ва гиреҳҳои лимфатикии посбон бо дақиқии бештар муайян гардида, эҳтимоли паҳншавии бемории саратонӣ ба онҳо арзёбӣ карда шавад.
Ба бемор, ки ташхиси саратони қабати дохилии бачадон (эндометрия) дар марҳилаи ибтидоӣ, тибқи маълумоти ташхисӣ- T1M0 гузошта шуд, ин амалиёти ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт. Ба иттилои мутахассисони марказ, ҳарчанд васеъшавии гиреҳҳои лимфатикии бемор мушоҳида намегардид, истифодаи технологияи муосир имкон фароҳам овард, ки эҳтимоли мавҷудияти метастазҳои хурд дар гиреҳҳои лимфатикӣ дақиқтар арзёбӣ карда шавад.
“Истифодаи ин усул дар амалияи муосири онкологӣ аҳаммияти калон дошта, барои муайян намудани паҳншавии беморӣ, дақиқтар муайян кардани марҳилаи он ва интихоби тактикаи минбаъдаи табобат мусоидат мекунад. Ҳамзамон, усули лапароскопӣ имкон медиҳад, ки амалиёт бо осеби камтар ба бофтаҳо анҷом дода шуда, барои барқароршавии бемор мусоидат намояд”-иброз медоранд табибони муассиса.
Дар умум, ҷори намудани чунин технологияҳои муосир дар амалияи клиникӣ қадами муҳим дар самти рушди ҷарроҳии онкологӣ ва баланд бардоштани сифати ташхису табобати беморони гирифтори бемориҳои саратонӣ ба шумор меравад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21945
6


