Омодагии ҷиддӣ - кафолати фаъолияти пурмаҳсул
Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола барои мавсими тирамоҳу зимистон зиёда аз 1 миллион литр сӯзишворӣ ва қариб 20 ҳазор тонна маводи зиддилағзиш захира карда мешавад.
Роҳи Душанбе–Чаноқ аз минтақаҳои кӯҳии дорои релефи мураккаб буда, дар фасли сармо зери таъсири бориши шадиди барф, тармафароӣ, яхбандӣ, сел ва дигар зуҳуроти табиӣ қарор мегирад. Аз ин рӯ, нигоҳдории ин масир назорати пайваста, омодагии техникии пурра ва фаъолияти шабонарӯзии кормандонро тақозо менамояд.
Муҳимтар аз ҳама, кормандони «IRS» дар мавсими зимистон бо истифода аз техникаву механизмҳои махсус роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард намуда, барои бартарафсозии саривақтии тармаҳо ва рафъи дигар ҳолатҳои фавқулода тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Омодагии ҳамаҷонибаи техникаву механизмҳо, захираи кофии сӯзишворӣ ва маводи зиддилағзиш, инчунин масъулияти кормандон аз ҷумлаи омилҳои асосии таъмини фаъолияти мунтазами роҳи Душанбе–Чаноқ дар мавсими сармо ба шумор мераванд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21987
418