Барои мушорикат дар филми "Теғи Сино" озмун эълон гашт
Дар Тоҷикистон барои нақшофарӣ дар филми нави бадеии «Теғи Сино», ки ба рӯзгор, андеша ва фаъолияти донишманди бузург Абуалӣ ибни Сино бахшида мешавад, довталабон даъват карда мешаванд.
Коргардони филм Соҳибёр Толиб буда, дар он зиндагии Ибни Сино ва шахсиятҳои гуногуни таърихӣ инъикос хоҳанд ёфт. Дар ин лоиҳа на танҳо ҳунарпешагон, балки шахсоне, ки мехоҳанд дар ҳайати гурӯҳи наворбардорӣ фаъолият кунанд, низ метавонанд иштирок намоянд. Синну сол, вазъи иҷтимоӣ ва ҳолати саломатӣ барои пешниҳоди дархост монеа нестанд.
Барои иштирок довталабон бояд як акси равшани худро бе филтр ва аз рӯ ба рӯ ҳатман пешниҳод кунанд. Ҳамчунин метавонанд видеои муаррифии худ то 3 дақиқа, тарҷумаи ҳол (CV) ва дар сурати имкон акси шахси ба худ монандро ирсол намоянд. Маълумот, аксҳо ва наворҳои пешниҳодшуда бо розигии довталабон метавонанд барои интихоби иштирокчиёни филми «Теғи Сино», инчунин дигар лоиҳаҳои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва лоиҳаҳои синамоӣ истифода шаванд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21951
5