Покистон дар садад аст содироти гӯшт ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад
Покистон Тоҷикистонро ба қатори 14 бозори фаъоли содироти гӯшт шомил карда, ният дорад, ки интиқоли гӯшт ва маҳсулоти шириро ба кишвари мо густариш диҳад. Дар ин бора хабаргузории "Assjciated Press of Pakistan" бо истинод ба санади Вазорати тиҷорати Покистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ба қатори бозорҳои фаъоли гӯшти Покистон, ба ҷуз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин, Афғонистон, Эрон, Малайзия, Миср, Урдун ва як қатор кишварҳои Халиҷи Форс шомиланд.
Ин расона гуфтааст, ки мақомоти Покистон барои тавсеъаи минбаъдаи содирот самтҳои нави ҳамкориро таҳия карда, аз ҷумла, ният доранд, ки барои интиқоли маҳсулоти гӯштӣ ва ширӣ, ба кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ҳайатҳои тиҷоратӣ фиристанд.
Ин тадбаирҳо дар доираи нақшаи дусолаи рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз моҳи сентябри соли 2026 то августи соли 2028 пешбинӣ шудааст. Барнома баргузории намоишгоҳҳои байналмилалӣ, сафарҳои ҳайатҳои тиҷоратӣ, мулоқоти тавлидкунандагон бо харидорони хориҷӣ ва пешбурди маҳсулотро дар бозорҳои нав дар бар мегирад.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, дар нуҳ моҳи соли 2026 кишвар ба маблағи тақрибан 84 млн доллар беш аз 21,4 ҳазор тонна гӯшт ва маҳсулоти иловагии гӯшт ворид шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2025 арзиши воридот 60,3% ё худ 31,6 млн доллар афзудааст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21963
6
