TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21957 4
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш пурра иҷро гардид
 
Дар шаҳри Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид. Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар асоси таҳлилу омӯзиши таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дуру наздики хориҷӣ таҳия гардида, ба талабот ва шароити ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон мутобиқ гардонида шудааст. Илова бар ин, қонун якчанд навовариҳоро вобаста ба тартиби даъват ба хизмати ҳарбӣ, бақайдгирии шаҳрвандон, баланд бардоштани масъулияти онҳо, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ намуда, барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабиниҳои даъватии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ равона шудааст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 15, 2026Мусобиқаи байналмилалии моҳидорӣ дар Адигеяи Русия ва тими моҳигирони Тоҷикистон 📱 Обуна…
  2. Oct 15, 2026Роҳи ғалаба аз тамрин оғоз мешавад Дастаи «Истиқлол» бо иродаи қавӣ ва омодагии ҷиддӣ ба б…
  3. Oct 15, 2026Покистон дар садад аст содироти гӯшт ба Тоҷикистонро афзоиш диҳад Покистон Тоҷикистонро ба…
  4. Oct 15, 2026🇵🇰 Дастикам 27 кӯдак ва омӯзгор дар пайи фурӯрезии боми мактаби хусусӣ дар Пешовари Поки…
  5. Oct 15, 2026Ғолибони озмуни "Соҳибкори сол" қадрдони шуданд Дар доираи Ҳамоиши соҳибкорон G10 маросими…
  6. Oct 15, 2026Андешаи Ҳусейн Займетов, ҷомеашиноси тоҷик дар бораи амнияти ҷавонон аз хатарҳои интернетӣ…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →