TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21958 4
Ғолибони озмуни "Соҳибкори сол" қадрдони шуданд

Дар доираи Ҳамоиши соҳибкорон G10 маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол» баргузор гардид. Дар он ғолибони озмун барои фаъолияти самаранок, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар ва татбиқи ташаббусҳои созанда дар соҳаи соҳибкорӣ қадрдонӣ шуданд.

Озмуни «Соҳибкори сол» бо мақсади дастгирии соҳибкорони ватанӣ, ҳавасмандгардонии ташаббусҳои истеҳсолӣ, рушди фазои соҳибкорӣ ва муаррифии таҷрибаи пешқадам дар ин самт баргузор мегардад.

Таъкид шуд, ки соҳибкорӣ яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши назаррас дорад.

Баргузории чунин озмунҳо имкон фароҳам меорад, ки дастовардҳои соҳибкорони муваффақ муаррифӣ гардида, таҷрибаи онҳо барои дигар намояндагони бахши хусусӣ намунаи ибрат бошад. Ҳамзамон, ин иқдом ба таҳкими рақобатпазирии соҳибкорони ватанӣ ва тақвияти саҳми бахши хусусӣ дар рушди устувори иқтисодиёти мамлакат мусоидат мекунад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 15, 2026Дар Хатлон 1150 ақди никоҳ бекор шуд Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 1…
  2. Oct 15, 2026Синамо, меҳргон ва пайванди фарҳангҳо: меҳмонони ВГИК дар Душанбе Имрӯз ҳайати устодону до…
  3. Oct 15, 2026"Регар-ТадАЗ" ба Кувайт сафар кард Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Тоҷикистон баҳри иштирок дар рақ…
  4. Oct 15, 2026Туркия: Дар Станбул бар асари боронҳои шадид дарсҳо лағв, ҳаракати нақлиёт маҳдуд, барои з…
  5. Oct 15, 2026Хадамоти таксии "Шаҳри ман" дар Исфара: "бидуни муштарӣ мо ҳеҷ ҳастем" Ҷузъиёти мавзӯъро д…
  6. Oct 15, 2026Фара аз "Бригада" меҳмони синамоҷоизаи "Тоҷи Сомон" шуд Ҳунарпешаи маъруфи Русия Фарҳод Ма…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →