Мудири Агентии содироти Тоҷикистон бо ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ фаъолияти “Мактаби содирот”-ро баррасӣ карданд
Ахиран мулоқоти мудири Агентии содирот бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баргузор гардид. Зимни вохурӣ ҷонибҳо рафти татбиқи Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот дар давоми солҳои 2026-2028 баррасӣ намуда, оғози фаъолияти «Мактаби содирот»-и назди Агентии содиротро мавриди муҳокимаронӣ намуданд.
Намояндагони Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аз рафти иҷрои татбиқи барномаи болозикр ва иқдомҳои минбаъдаи Агентии содирот баҳои баланд дода, аҳамияти лоиҳаҳои мазкурро дар рушди бахши хусусӣ ва таҳкими иқтидори содиротии Тоҷикистон таъкид намуданд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда анҷом ёфта, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои кориро барои иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда мунтазам тақвият бахшанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21855
4

