TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21864 7
Тоҷикистон ва Ҷопон дар Ваҳдат пули нав месозанд

Тоҷикистон ва Ҷопон масъалаи сохтмони пули нав аз болои дарёи Кофарниҳон дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдатро баррасӣ намуданд.
Тавре ки аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ин масъала зимни мулоқоти вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Кейко Фурута дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

Зикр шуд, ки дар давоми 25 соли охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон 35 лоиҳаи хурду бузург амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, 12 лоиҳа тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар самти сохтмону ташхиси техникии роҳу пулҳо, харидории техника ва омӯзиши мутахассисон татбиқ шудаанд.

Пули нав дар километри 19+800-и роҳи автомобилгарди «Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма» сохта мешавад. Айни замон таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа аз ҷониби ширкати муҳандисию машваратии ҷопонии CTII дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ба иттилои манбаъ, пули мавҷуда бинобар маҳдуд будани шумораи хатҳои ҳаракат ва ҳолати техникии худ ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, оғози ҳарчи зудтари корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони пули нав муҳим арзёбӣ мегардад. Ҷониби Ҷопон низ ба татбиқи лоиҳа ҳавасманд буда, омодагии худро барои марҳила ба марҳила амалӣ намудани он баён кардааст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 14, 2026Ахбори хотимавии Радиои Тоҷикистон барои имрӯз 14.10.2026 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Т…
  2. Oct 14, 2026Президенти Тоҷикистон вориди шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуданд 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Т…
  3. Oct 14, 2026Муҳаммади Қодиров роҳбари ҶДММ "Талант" Ибрози назари ин соҳибкори тоҷик дар "Рӯзи соҳибко…
  4. Oct 14, 2026Раиси Маҷлиси миллӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Дарвоз дидан карданд Раиси шаҳри Душан…
  5. Oct 14, 2026Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе Дар доираи Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар ша…
  6. Oct 14, 2026Озмуни "Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон" баргузор мегардад Озмун аз рӯи 10 номина барг…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →