Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе
Дар доираи Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Федератсияи Русия баргузор мегарданд.
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои кинои Русия 17 октябр, соати 17:00 дар кинотеатри «Ватан» баргузор мешавад.
Дар доираи ин чорабинӣ филмҳои ҳунарии «Авиатор», «Отец», «Буратино» ва «Двое в одной жизни, не считая собаки» ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки аз 15 то 20 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» таҳти унвони «Қадршиносии ҳунари асил»баргузор мегардад. Дар ҳошияи ин чорабинии синамоӣ ҳамчунин Рӯзҳои кинои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон доир мешаванд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21865
6
