TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21878 49
Чаро "IRS" ба захираи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд?

Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» барои таъмини ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе–Чаноқ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 чораҳои зарурӣ меандешад. Феълан 242 техникаю механизми махсус барои фаъолияти мунтазам дар шароити зимистон омода гардидаанд. Ҳамзамон намояндагиҳои ширкат бо захираи сӯзишвории дизелӣ ва маводи зиддилағзиш таъмин гардида, раванди захиракунӣ идома дорад. Инчунин кормандони ширкат бо сару либоси зимистона таъмин шуда, барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ дар нуқтаҳои фаъолият ангишту ҳезум ба миқдори зарурӣ дастрас шудааст.

Дар ин раванд аз ҷониби роҳбарияти "IRS" ба захираи маводи зиддилағзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуда истодааст. Зеро дар мавсими сармо, бо назардошти шабонарӯзӣ бо ин намуди мавод коркард шудани роҳ талабот ба он меафзояд. Биноан, то имрӯз дар намояндагиҳои Варзоб 3700 тонна, Зарафшон 3500 тонна ва Суғд 4700 тонна маводи зиддилағзиш захира гардидааст.

Таъсис додани даҳҳо нуқтаҳои захираи маводи зиддилағзиш дар масири Душанбе - Чаноқ ҷузъе аз ибтикори марбут ба омодагии филиали ширкат ба мавсими сармо буда, дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шудани фаъолият самараи чунин тадбирандешӣ аст.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 15, 2026Сабти номи атбои хориҷӣ дар Тоҷикистонро то 15 тамдид карданд Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷа…
  2. Oct 15, 2026Таваҷҷуҳи Суди Олии Тоҷикистон ба моликияти зеҳнӣ бештар мешавад Дар шаҳри Женеваи Конфеде…
  3. Oct 15, 2026Намоишгоҳи маҳсулот ва дастовардҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, ки дар доираи Форуми соҳиб…
  4. Oct 15, 2026"Хутали қадим" дар "Тоҷи Сомон" Филми мустанади «Хутали қадим», ки ба 35-солагии Истиқлоли…
  5. Oct 15, 2026Натиҷаи бунёдкориҳо дар 5 соли охир аз ҷониби сокинону соҳибкорони ҷумҳурӣ 📱 Обуна шавед…
  6. Oct 15, 2026Аз мошини ТИКО-и сохти Узбекистон устоҳои шаҳри Турсунзода мошини барқӣ сохта, бо чархҳои…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →