Таваҷҷуҳи Суди Олии Тоҷикистон ба моликияти зеҳнӣ бештар мешавад
Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) ва Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар маросими баимзорасонии санади мазкур ҳайати расмии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Суди Олӣ, муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, намояндагони Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла муовини директори генералии Созмон Паскал Фор (Pascal Faure), инчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шерализода Шараф иштирок доштанд.
Ёддошти тафоҳум ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд, такмили ихтисоси судяҳо, омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ, инчунин татбиқи равишҳои муосир дар баррасии парвандаҳо ва баҳсҳои вобаста ба моликияти зеҳнӣ равона гардидааст.
Дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва густариши равандҳои инноватсионӣ ҳифзи боэътимоди ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ аҳаммияти хосса касб менамояд. Дар ин замина, ҳамкории судҳо бо Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ барои баланд бардоштани малакаҳои махсуси касбии судяҳо, такмили амалияи судӣ ва таҳкими механизмҳои ҳифзи судии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии соҳибони ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ аҳаммияти муҳим дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21879
431


