Сабти номи атбои хориҷӣ дар Тоҷикистонро то 15 тамдид карданд
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷалби бештари сайёҳон муҳлати сабтиноми меҳмонон ва хориҷиёнеро, ки ба кишвар меоянд, аз 10 то ба 15 рӯз дароз кард. Қонун дар ин бора рӯзи 7-уми октябр дар Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон, қабул шудааст.
Ба гуфтаи Баҳодур Холиқзода, муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ислоҳи Қонун дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ бо мақсади “рушди сайёҳӣ ва таъмини шароити мусоид барои сайёҳон” пешниҳод шудааст. Муовини вазир афзуд, қарори мазкур ҳамчунин барои иҷрои аҳдномаҳо бо Қирғизистони ҳамсоя қабул шудааст, ки Тоҷикистон то се сол пеш бо он робитаҳои хубе надошт.
Ҳоло ҳар хориҷие, ки ба Тоҷикистон меояд, дар сурати ҳузури бештар аз 10 рӯзи корӣ бояд дар шуъбаи милиса худ ва ҷойи иқоматашро сабтином кунад, вагарна ҳангоми тарки кишвар ба мушкил гирифтор мешавад ва бояд ҷарима пардозад.
Ҳукумати Тоҷикистон сайёҳиро яке аз роҳҳои асосӣ барои пешрафти иқтисод ва некӯаҳволии мардум номида, саъй кардааст, ки хориҷиёни бештарро ба кишвар ҷалб кунад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21882
431
