TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21850 6
“Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва "Expertise France" бо эъломияи муштарак ҳамкорӣ мекунанд
 
Мулоқоти Сардори Роҳи оҳани Тоҷикистон бо намояндагони Агентии давлатии Фаронса оид ба ҳамкориҳои байналмилалии "Expertise France" дар робита ба оғози татбиқи барномаи "Долони нақлиётии Транскаспий" барпо шуд.
 
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои муҳими соҳаи нақлиёт, аз ҷумла рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, инчунин имкониятҳои расонидани кӯмаки техникиро муҳокима карданд.
 
Аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба масъалаҳои рушди инфрасохтори роҳи оҳан, баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва эътимоднокии он, инчунин истифодаи усулҳо ва технологияҳои муосир дар самти ташхис, санҷиш ва назорати ҳолати техникии иншооти роҳи оҳан таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
 
Дар натиҷа, Эъломияи муштарак оид ба оғози кӯмаки фаннӣ барои азаназаргузаронӣ ва арзёбии ҳолати пулҳои афзалиятноки роҳи оҳани Тоҷикистон дар доираи долони нақлиётии Транскаспий бо ширкати мазкур ба имзо расид.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 14, 2026Ахбори хотимавии Радиои Тоҷикистон барои имрӯз 14.10.2026 📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ 📱Ба Т…
  2. Oct 14, 2026Президенти Тоҷикистон вориди шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуданд 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Т…
  3. Oct 14, 2026Муҳаммади Қодиров роҳбари ҶДММ "Талант" Ибрози назари ин соҳибкори тоҷик дар "Рӯзи соҳибко…
  4. Oct 14, 2026Раиси Маҷлиси миллӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии Дарвоз дидан карданд Раиси шаҳри Душан…
  5. Oct 14, 2026Рӯзҳои синамои Русия дар Душанбе Дар доираи Сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» дар ша…
  6. Oct 14, 2026Тоҷикистон ва Ҷопон дар Ваҳдат пули нав месозанд Тоҷикистон ва Ҷопон масъалаи сохтмони пул…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →