Тифли навзодеро, ки шаби 11 ба 12 октябр аз Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Душанбе, маъруф ба таваллудхонаи №1 гум шуда буд, аз шаҳри Ваҳдат пайдо кардаанд
Тавре ки Раёсати ВКД дар Душанбе хабар медиҳад, макони кӯдак тавассути рақами мошине, ки ӯро аз таваллудхона бурда буд, муайян карда шудааст.
Тифли гумшуда фарзанди нахустини сокини ноҳияи Нуробод Мавзуна Акрамоваи 19-сола буда, санаи 11 октябр таваллуд шуда буд.
Тафтиши ҷузъиёти дигари рабуда шудани тифли навзод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21811
38
