TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21779 421
Имрӯз дар Душанбе Ҳамоиши соҳибкории “Тоҷикистон, ба пеш!” оғоз меёбад
 
14–15 октябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи соҳибкорон, ки ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, Ҳамоиши соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» баргузор мегардад. Ҳамоиши соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» майдони васеи муколама, ҳамкорӣ ва муаррифии имконоти нави соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошад.
 
Барномаи ҳамоиш самтҳои муҳими рушди иқтисодӣ ва соҳибкории муосирро фаро гирифта, аз форуми давлат ва бахши хусусӣ, форуми сармояи венчурӣ, G10 Insight Forum 2026, чорабиниҳои параллелӣ ва намоишгоҳи дастовардҳои соҳибкории ватанӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ иборат мебошад.
 
Дар доираи ҳамоиш намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ, соҳибкорону сармоягузорон, институтҳои молиявӣ ва рушд, созмонҳои байналмилалӣ, коршиносон, стартапҳо ва намояндагони экосистемаи венчурӣ барои баррасии имконияти нави сармоягузорӣ, инноватсия, технология, рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҳамкории нав ҷамъ меоянд. Ҳамоиш инчунин барои муколамаи мустақим, табодули таҷриба, муаррифии лоиҳаҳо, барқарор намудани робитаҳои нави тиҷоратӣ ва шарикии дарозмуддат фазои мусоид фароҳам меорад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 14, 2026Садҳо нафткашонҳои бузург дар тангаи Ҳурмуз банд мондаан Раиси ҷумҳури ИМА Украинаро дар к…
  2. Oct 14, 2026Филми "Нафас" дар ҷашнвораи "Тоҷи Сомон" Филми кӯтоҳметражи ҳунарии «Нафас» бо коргардонии…
  3. Oct 14, 2026Тоҷикистон бо се муштзани ҷавон дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс ширкат мекунад 📱 Обуна ш…
  4. Oct 14, 2026Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷи…
  5. Oct 14, 2026Шаффофият дар қабули довталабон ба муассисаҳои таълимӣ; Кафолати адолат; Марҳалаи сеюми ба…
  6. Oct 14, 2026Президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ дар ифтитоҳи Академия футболи ВМКБ дар Дарвоз ширкат кард Им…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →