Президенти ФФТ Рустам Эмомалӣ дар ифтитоҳи Академия футболи ВМКБ дар Дарвоз ширкат кард
Имрӯз, 14 октябр президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ноҳияи Дарвоз баргузор гардид, иштирок намуд. Пас аз ифтитоҳи Академия Рустам Эмомалӣ дар фестивали футболи кӯдакона иштирок кард, ки дар он футболбозони наврас маҳорати худро намоиш дода, шоҳиди як чорабинии ҷолиби футболӣ гардиданд.
Ҳамчунин, президенти ФФТ бо инфрасохтори маҷмааи нави варзишӣ ва шароите, ки барои омодасозии футболбозони ҷавон фароҳам оварда шудааст, шинос шуд. Академияи футболи ВМКБ дар Дарвоз дорои ду майдони футбол бо алафи сунъӣ – болопӯшида ва кушода мебошад, ки барои баргузории тамринҳо ва машғулиятҳо дар шароити гуногуни обу ҳаво имкон фароҳам меорад.
Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин бинои маъмурӣ бунёд гардидааст, ки дар он маҷмааи истиқоматӣ барои будубоши тарбиятгирандагон, ошхона ва толори варзишӣ пешбинӣ шудаанд.
Ифтитоҳи Академияи футбол қадами муҳим дар рушди футболи кӯдакону наврасон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад. Бунёди инфрасохтори муосири варзишӣ ба футболбозони ҷавон имкон медиҳад, ки маҳорати худро такмил дода, сатҳи омодагиашонро баланд бардоранд ва иқтидори варзишии худро боз ҳам рушд диҳанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21839
2




