TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21748 402
Дар Брюссел муколамаи зиддитеррористии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИА баргузор гардид

Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 8 октябр дар Брюссел барои баргузории дувумин муколамаи зиддитеррористӣ ҷамъ омада, талошҳои муштараки худро дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез тақвият доданд, хабар медиҳад намояндагии ИА дар Душанбе.

Намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон масъалаҳои марбут ба таҳаввули таҳдидҳои террористӣ дар минтақаҳои калидӣ, баррасии таҳдидҳои дохилӣ, иштирок дар ниҳодҳои бисёрҷониба ва стратегияҳои таъқиби ҳуқуқӣ, офиятбахшӣ ва бозгашти ҷангиёни хориҷиро баррасӣ намуданд. Дар ин нишаст, ҳамчунин, масъалаи муқовимат ба таблиғоти хушунатомез дар фазои маҷозӣ ва раванди ифротгарошавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иттиҳоди Аврупо зарурати риояи волоияти қонун ва ҳуқуқи инсонро дар ҳама чораҳои зиддитеррористӣ таъкид кард, то ки кӯшишҳои амниятӣ самаранок, мутаносиб ва бар асоси ҳуқуқ боқӣ монанд. Иттиҳоди Аврупо аз мубодилаи пурсамар ва пурмазмун истиқбол намуд. Муколама ҳамчун як форуми солона дар соли 2027 идома хоҳад ёфт.

Қабл аз Муколама, коршиносон аз Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи 7 октябр барои мубодилаи техникӣ оид ба таъқиб, офиятбахшӣ ва ҳамгироии бозгаштагон, мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин ва дарсҳои асосии омӯхташуда ҷамъ омаданд.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 13, 2026🇷🇺Дар Русия барои муҳоҷирон супоридани имтиҳони ҳатмии донистани забони русӣ, таърих ва…
  2. Oct 13, 2026Рӯзи 13-уми октябр зилзила шаҳри Душанбе ва баъзе аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистонро такон дод…
  3. Oct 13, 2026Имрӯз охирин рӯзи ҳозир шудани довталабон ба муассисаи таълимӣ аст Маркази миллии тестии н…
  4. Oct 13, 2026Дар Шаҳринав маркази омӯзишии ғаввосони наҷотдиҳанда мавриди истифода қарор дода шуд Прези…
  5. Oct 13, 2026Ширкати президенти Тоҷикистон дар тамринҳои умури наҷотдиҳии кишварҳои СПАД дар Шаҳринав 1…
  6. Oct 13, 2026🇺🇸🇺🇦Трамп ва Зеленский ҳамдигарро дар буҳрони маводи сӯхтӣ айбдор карданд Роҳбари Укра…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →