Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Сино. Ҷӯйборҳои пур аз партов дар “Зарафшон”. Кӣ бояд чора андешад?
Мушоҳидаи хабарнигор дар маҳаллаи «Зарафшон»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар кӯчаи Бобо Ҳамдам нишон дод, ки дар баъзе қисматҳои роҳ, ҷӯйборҳо ва атрофи онҳо партов ҷамъ шудааст. Дар канори роҳ ва дохили ҷӯйборҳо партовҳои гуногун ба назар мерасанд. Чунин ҳолат симои кӯчаро коста карда, дар сурати ҷамъшавии зиёди партов метавонад ба ҳаракати об дар ҷӯйборҳо монеа пеш орад ва боиси пайдо шудани бӯйи нохуш гардад.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ин мавзеъ макони махсуси ҷамъоварии партов мавҷуд аст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе нуқтаҳо партов дар кӯча ва дохили ҷӯйборҳо дида мешавад. Аз ин рӯ, вазъи мавҷуда зарурати ҳамкории бештари сохторҳои масъул ва сокинонро барои нигоҳ доштани тозагӣ ба миён мегузорад.
Умедворем, мақомоти ноҳияи Сино ва сохторҳои марбута ба масъала таваҷҷуҳ карда, барои тоза намудани мавзеъ ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳолат чораҳои зарурӣ меандешанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21747
350