TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21739 165
Shohin Airlines ва Turkish Airlines Ёддошти тафоҳум имзо карданд
 
Гуфта мешавад, ин санад ба таҳкими ҳамкорӣ ва дастгирии рушди фаъолияти амалиётии Shohin Airlines равона гардидааст.
 
Дар доираи ҳамкории дуҷониба гузаронидани омӯзишҳои тахассусӣ барои ҳайати парвозӣ ва кормандони хадамоти заминии ширкати ҳавопаймоӣ дар Академияи парвозии Turkish Airlines пешбинӣ шудааст. Дар заминаи ин санад ширкати Turkish Technic дар самти пешниҳоди хизматрасонии техникии маҷмӯӣ шарики Shohin Airlines муайян гардид. Ҳамкории мазкур, аз ҷумла хизматрасонии рангубори ҳавопаймоҳои нав ва анҷоми хизматрасонии техникии нақшавии онҳоро дар бар мегирад.
 
Роҳандозии ҳамкорӣ қадами муҳим дар рушди касбии ҳайати кормандони Shohin Airlines буда, барои табодули донишу таҷриба ва захираҳои таълимӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Шарикии мазкур аз саҳми Turkish Airlines дар рушди соҳаи авиатсия ва ҳамзамон талошҳои тарафайн дар самти таъмини бехатарии парвозҳо ва хизматрасонии аълосифат шаҳодат медиҳад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 13, 2026Рӯзи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ: Чорабинӣ барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ во…
  2. Oct 13, 2026Панде аз муфтии мусалмонони Тоҷикистон Гуфтаҳои Сайидмукаррам Абдулқодирзодаро дар навор б…
  3. Oct 13, 2026Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе аз дохили яке аз микроавтобусҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд нашр шу…
  4. Oct 13, 2026Дар Брюссел муколамаи зиддитеррористии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИА баргузор гардид Иттиҳ…
  5. Oct 13, 2026Ба таваҷҷуҳи раиси ноҳияи Сино. Ҷӯйборҳои пур аз партов дар “Зарафшон”. Кӣ бояд чора андеш…
  6. Oct 13, 2026Кулча ё нони тобагӣ роҳи соддаи нонпазӣ дар куҳистон Тарзи таҳияи ин намуди нонро дар наво…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →