TGViewer
Ҳамдастӣ Ҳамдастӣ @hamdastitj · 1.95K subscribers
Post #21721 246
Намояндагии Тоҷикистон дар Русия муҳоҷиронро аз хатари сирояти ВНМО (ВИЧ) ҳушдор дод

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия аз муҳоҷирони тоҷик даъват кардааст, ки ба саломатии худ ва наздиконашон диққати ҷиддӣ диҳанд ва қоидаҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятиро риоя намоянд.
 
Ба иттилои намояндагӣ, яке аз чунин бемориҳо ВНМО (ВИЧ) мебошад, ки ба системаи масунияти инсон осеб мерасонад. Ин вирус асосан тавассути алоқаи ҷинсии бе воситаи муҳофизат, хуни сироятёфта, истифодаи сӯзандоруҳои муштарак ва аз модар ба кӯдак ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ё ширдиҳӣ мегузарад.
 
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки муҳоҷирон аз воситаҳои муҳофизат истифода баранд, аз сӯзандоруҳои муштарак худдорӣ кунанд ва ҳангоми эҳтимоли сироят сари вақт аз ташхис гузаранд.
 
Ҳарчанд ВНМО ҳоло пурра табобат намешавад, доруҳои муосир имкон медиҳанд, ки шахси гирифтори вирус умри дарозу солим дошта бошад. Ҳамчунин, дар сурати табобати дуруст ва ба сатҳи муайяннашаванда расидани вирус дар хун, ВНМО тавассути алоқаи ҷинсӣ ба дигарон намегузарад. Намояндагӣ таъкид кардааст, ки худтабобаткунӣ хатарнок буда, шахсони гирифтори ин вирус бояд ҳатман таҳти назорати табиб мудаво шавад.

📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
More from @hamdastitj
  1. Oct 13, 2026Хусиҳо ба самти ҷанубу ғарбии Яман пешравӣ карда, ба шаҳри Таиз наздик шуданд Онҳо фурудго…
  2. Oct 13, 2026Силсиладузд дар нақлиётро пулиси Душанбе боздошт Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур ша…
  3. Oct 13, 2026Shohin Airlines ва Turkish Airlines Ёддошти тафоҳум имзо карданд Гуфта мешавад, ин санад б…
  4. Oct 13, 2026Дар Истаравшан 1912 кг махсулоти пастсифат, ки аз ҷониби тоҷирон ихтиёрӣ супорида шуд, ноб…
  5. Oct 13, 2026Дар Душанбе аз таваллудхона навзод нопадид шудааст Дар Пажуҳишгоҳи момодоягӣ ва амрози зан…
  6. Oct 13, 2026Як андешаи коршиносони варзида Насриддинов Замониддин дар барномаи Амният ва ҷомеа дар роб…
Threads Profile ViewerView any public Threads profile without an account.Open ThreadLook →Writing with AI? Make it sound human.Metric37 rewrites AI drafts so they read naturally. Free AI detector, 1,500 words free.Try Metric37 →