Дар вилояти Суғд нақшаи даъвати ҳарбӣ 70 дарсад иҷро шуд: кадом шаҳру ноҳияҳо нақшаро пурра иҷро карданд?
Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истиқлол ва ноҳияи Спитамен нақшаи даъвати ҳарбиро пурра, яъне 100 дарсад иҷро кардаанд. Ҳамзамон, як қатор ҷамоатҳои шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Зафаробод, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ низ нақшаи худро пурра иҷро намудаанд.
Аммо ин маънои онро надорад, ки тамоми ноҳияҳои номбаршуда нақшаи даъватро 100 дарсад иҷро кардаанд, зеро дар ин ноҳияҳо танҳо ҷамоатҳои алоҳида ба иҷрои пурраи нақша ноил шудаанд. Аз ин рӯ, нишондиҳандаи умумии вилоят ҳоло 70 дарсадро ташкил медиҳад ва барои иҷрои пурраи нақша боз 30 дарсад боқӣ мондааст.
Даъвати шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1999–2008 дар моҳҳои октябр ва ноябр идома дошта, қабули даъватшавандагон дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо давом дорад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21716
141