Бозӣ дар Истаравшан: КМВА пирӯз шуд
Дар доираи бозиҳои даври 18-уми Чемпионати Тоҷикистон-2026 миёни дастаҳои Лигаи олӣ, «Истаравшан» дар майдони худ дастаи КМВА-ро қабул кард.
Бозӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан шиддатнок гузашта, бо ғалабаи меҳмонон, дастаи КМВА бо ҳисоби 0:1 ба анҷом расид.
Бо вуҷуди мағлубияти дастаи соҳибони майдон, Мзвакали Банту аз тими «Истаравшан» бо нишон додани бозии олӣ «Бозигари беҳтарини бозӣ» эълон гардид.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21527
4
