🇫🇷"Пулиси Фаронса бинобар вокуниш ба эътирозҳои беш аз дуҳафтаинаи донишҷӯён, ки бо ҳадафи беҳтар кардани шароит дар муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ шудаанд, бо танқиди рӯзафзун рӯбарӯ шудааст".
Оҷонсии иттилоотии Reuters 28 ҳодисаи ҷароҳатро бар асари амалиёти пулис сабт кардааст; аз ҷумла, шикастани ҷоғи як навраси 14-сола бар асари таркиши норинҷоки ашковар, аз даст додани дасти як навраси 15-сола ва ду ҳодисаи ҷароҳати вазнини чашм.
Комиссияи махсуси назорати фаъолияти пулис 24 ҳодисаро тафтиш дорад. Мақомот то кунун 6877 нафар, асосан ноболиғонро боздошт кардаанд.
Reuters қайд мекунад, ки дар ҷараёни бетартибиҳо дар Фаронса тақрибан 200 донишҷӯ ва 700 корманди пулис ҷароҳат бардоштаанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
Post #21526
6
