Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал, дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ду бозии дӯстона доир менамояд.
Рақиби дастаи кишвар мунтахаби Русия хоҳад буд. Бозиҳо 18 ва 20 октябр дар Маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе соати 19:00 оғоз меёбанд.
Қаблан ин дастаҳо соли 2022 дар шаҳри Душанбе ду маротиба рақобат карда буданд, ки дар бозии аввал мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 10:7 ва дар бозии дуюм тими Русия бо ҳисоби 6:2 пирӯзӣ ба даст оварда буданд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱Ба Тик Токи мо обуна шавед
